
15-уми октябри соли 2025 дар доираи II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” Рӯзҳои синамои Эрон баргузор мегарданд.
Дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои судманди ду миллати дӯст, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои синамогарони ду кишвари ҳамзабон дар сатҳи баланд баргузор гардидани Рӯзҳои синамои Эрон ба рушди минбаъдаи синамои миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, боиси рӯй кор омадани лоиҳаҳои нави синамоии муштарак дар соҳаи кинематографияи ду халқи дӯсту бародар хоҳад гашт.
Мухлисон ва дӯстдорони синамо имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо филмҳои истеҳсоли Эронро, аз ҷумла, филмҳои ҳунарии “Шаҳсавор”- коргардон Ҳусейн Намозӣ, “Ғариза”- коргардон Сиёвуш Асадӣ, “Пул дар рӯйи рудхонаи хурд”- коргардон Эҳсон Оқилӣ ва филмҳои кутоҳи “Ҳикояи кутоҳ”, “Хусрав 127”, “Бешаҳрвандӣ”, “Бозии тақдир”, “Беохир” тамошо намоянд.
Итминон дорем, ки дар оянда равобиту ҳамкориҳо боз ҳам инкишоф меёбанду баргузории чорабиниҳои синамоӣ миёни кишварҳо, хусусан, миёни синамогарони Тоҷикистону Эрон афзун гардида, дӯстию рафоқат устувор мешавад.
Хотирнишон менамоем, ки II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” зери унвони “Таърихи рушди тоҷикон” бо дастгирии Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зери роҳнамоии раиси шаҳри Душанбе мухтарам Рустами Эмомалӣ аз 15-ум то 20-уми октябри соли 2025 бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик дар шаҳри дилорои Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар баргузор мегардад.
Дар доираи чорабинии байналмилалии синамоӣ Рӯзҳои синамои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар Точикистон, Форуми байналмилалӣ бахшида ба 60-солагии коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров, ҷаласаи Шурои диреткорони киностудияҳо, дарсҳои “Устод ва шогирд”, нахустнамоиши филмҳо ва намоиши филмҳо дар тасмаи синамо доир карда хоҳанд шуд.
