
17-уми октябри соли 2025 дар кинотеатри “Наврӯз” маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Россия баргузор мегардад.
Дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои судманди ду халқи дӯсту бародар, аз ҷумла, таҳкими ҳамкориҳои синамогарони ду кишвар дар сатҳи баланд баргузор гардидани Рӯзҳои синамои Россия ба рушди минбаъдаи синамои миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, боиси рӯйи кор омадани лоиҳаҳои нави синамоии муштарак дар соҳаи кинематография хоҳад гашт.
Мухлисон ва дӯстдорони синамо муддати се рӯз имкон доранд, ки филмҳои истеҳсоли Россия- филмҳои ҳунарии “Духтари капитан”, “Офтобро бидор”, “Қоидаҳои Филипп” ва “Почтар”-ро тамошо намоянд.
Хотирнишон менамоем, ки II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” зери унвони “Таърихи рушди тоҷикон” бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зери роҳнамоии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 15-ум то 20-уми октябри соли 2025 бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик дар шаҳри дилорои Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар баргузор мегардад.
Марҳабо ба II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон”!
“Тоҷи Сомон”-ифтихори тоҷикон!
