ФИЛМҲО БАРОИ ОЗМУНҲОИ II СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ “ТОҶИ СОМОН” ИНТИХОБ ГАРДИДАНД.



 

Дар робита ба баргузории II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» бо дарназардошти таҷрибаи синамоҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Комиссияи интихоби филмҳо таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», раиси Комиссияи интихоби филмҳо таъсис ёфта, дар муддати як моҳ филмҳои пешниҳодшуда аз кишварҳои Россия, Эрон, Ҳиндустон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Беларус, Молдова, Индонезия, Муғулистон ва Тоҷикистонро барои озмунҳои Синамоҷашнвора мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамин тавр, аз миёни 300 дархости пешниҳодшуда 150 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифта, 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми ҳунарии кутоҳ барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои Синамоҷашнвора сазовор дониста шуданд.
Ҳамин тавр, дар озмуни филмҳои ҳунарии пурра аз Россия 2 филм, аз Узбекистон 1 филм, аз Туркманистон 1 филм, аз Тоҷикистон 4 филм, Қирғизистон 1 филм, Муғулистон 1 филм, аз Беларус 1 филм, аз Ҳиндустон 1 филм, аз Қазоқистон 1 филм, аз Молдова 1 филм, аз Эрон 1 филм ва аз Туркия 1 филм иштирок ва рақобат хоҳанд кард.
Дар озмуни филмҳои ҳунарии кутоҳ бошад, аз Россия 4 филм, аз Эрон 5 филм, аз Узбекистон 2 филм, аз Беларус 1 филм, аз Қирғизистон 2 филм, аз Тоҷикистон 4 филм, аз Озарбойҷон 1 филм, аз Ҳиндустон 1 филм вориди рақобат хоҳанд шуд.
Тибқи Барнома муддати 5 рӯз дар доираи баргузории II Синамоҷшнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» намоиши ғайриозмунии филмҳо дар саросари кишвар дар назар дошта шудааст.
Марҳабо ба тамошои филмҳо!

“Тоҷи Сомон”-ифтихори тоҷикон!

2025-10-14