
Душанбе, 13 октябр. Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳайати ҳакамони байналмилалии II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” расман ба фаъолият оғоз намуд.
Ҳайати ҳакамонро 11 мутахассиси маъруфи синамо, намояндагони Русия, Ҳиндустон, Гурҷистон, Эрон, Ӯзбекистон, Фаронса ва Тоҷикистонро муттаҳид мекунад. Онҳо масъули интихоби беҳтарин филмҳо ва эълони ғолибон дар бахшҳои гуногун мебошанд.
II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” аз 15-ум то 20-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини синамоии сол ба шумор меравад. Дар озмунҳои Синамоҷашнвора 16 филми пурра ва 20 филми ҳунарии кӯтоҳ барои дарёфти ҷоизаҳои зерин рақобат хоҳанд кард:
1. Беҳтарин филми ҳунарӣ
2. Беҳтарин коргардон
3. Беҳтарин наворбардор
4. Беҳтарин оҳангсоз
5. Беҳтарин нақши мардона
6. Беҳтарин нақши занона
7. Беҳтарин филми кӯтоҳи ҳунарӣ
8. Ҷоизаи махсуси ҳакамон
9. Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин
10. Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе, “Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография”
11. Ҷоизаи байналмилалии “Синамо бидуни марз” барои ташвиқи сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ.
Ба иттилои Кумитаи тадорукот, имсол барои иштирок дар Синамоҷашнвора беш аз 300 дархост пешниҳод гардида, 160 филм аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла, Россия, Эрон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркия, Муғулистон, Индонезия, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Озарбойҷон, Молдова ва Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Барои иштирок в рақобат дар озмунҳо 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми ҳунарии кутоҳ интихоб гардид.
Филмҳои ҳунарии пурра: Тоҷикистон — 4, Русия — 2, Ӯзбекистон — 1, Қирғизистон — 1, Муғулистон — 1, Беларус — 1, Ҳиндустон — 1, Қазоқистон — 1, Молдова — 1, Эрон — 1, Туркманистон — 1, Туркия — 1.
Филмҳои ҳунарии кӯтоҳ: Эрон — 5, Русия — 4, Тоҷикистон — 4, Ӯзбекистон — 2, Қирғизистон — 2, Беларус — 1, Озарбойҷон — 1, Ҳиндустон — 1.
Ғайр аз бахшҳои озмунӣ, дар минтақаҳои мухталифи кишвар намоишҳои ғайриозмунӣ баргузор мешаванд.


