ФАЪОЛИЯТИ ҲАКАМOНИ ОЗМУНИ ФИЛМҲОИ КУТОҲИ II СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ “ТОҶИ СОМОН” ШУРӮЪ ГАРДИД.


Душанбе, 15 октябр. Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳайати ҳакамони байналмилалии озмуни филмҳои ҳунарии кутоҳи II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” фаъолияти хешро оғоз намуд. Ҳайати ҳакамонро 4 мутахассиси маъруфи синамо, аз Русия, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Фаронса ва Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Ҳакамон муваззаф гардидаанд, ки беҳтарин филми ҳунарии кутоҳро муайяну интихоб ва баҳогузорӣ намуда, ғолибонро дар бахши мазкур муқаррар созанд. Ба иттилои Кумитаи тадорукот, имсол барои иштирок дар Синамоҷашнвора беш аз 300 дархост пешниҳод гардида, 160 филм аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла, Россия, Эрон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркия, Муғулистон, Индонезия, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Озарбойҷон, Молдова ва Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Хотирнишон бояд кард, ки II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” аз 15-ум то 20-уми октябри соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад ва яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини синамоӣ маҳсуб меёбад. Дар озмунҳои Синамоҷашнвора 16 филми пурра ва 20 филми ҳунарии кутоҳ барои дарёфти ҷоизаҳо рақобат хоҳанд кард. Филмҳои ҳунарии пурра: Тоҷикистон — 4 (Хоби сурх, Моҳӣ дар шаст, Дар талоши ҳақиқат, Зиндагӣ зебост), Русия — 2 (Ҳаво, Духтари капитан), Ӯзбекистон — 1 (Аз пайи баҳор), Қирғизистон — 1 (Хонаи фурӯшӣ), Муғулистон — 1 (Падар), Беларус — 1 (Қалъаи сиёҳ), Ҳиндустон — 1 (Роҳи бомба), Қазоқистон — 1 (Шаҳрвандони бом), Молдова — 1 (Шоҳзода), Эрон — 1 (Пули боли рудхонаи хушк), Туркманистон — 1 (Дарахт), Туркия — 1 (Балут). Филмҳои ҳунарии кӯтоҳ: Эрон — 5 (Ҳикояи кутоҳ, Хусрав 127, Бешаҳрвандӣ, Бозии тақдир, Беохир), Русия — 4 (Дандон, Дарси аввал, Дар хотирам нест, Меҳмон), Тоҷикистон — 4 (Хона, Садоҳо, Сарчашма, Модар), Ӯзбекистон — 2 (Миллионери якрӯза, Маро дӯст дор), Қирғизистон — 2 (Занги шомгоҳӣ, Умут), Беларус — 1 (Қадами боло аз замин), Озарбойҷон — 1 (Эҳсоси аввал), Ҳиндустон — 1 (Падарам аз об метарсад).

 Ғайр аз бахшҳои озмунӣ, дар минтақаҳои мухталифи кишвар намоишҳои ғайриозмунӣ баргузор мегарданд.

2025-10-15